Дар арафаи соли нави мелодӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қарор кард, ки ба ҳаводорону мухлисони футбол тӯҳфаи арзандае тақдим созад.
Бино ба иттилои ФФТ, бо ин мақсад, дизайни торнамоии расмӣ - www.fft.tj навоварӣ шуда, дар он фасли нав бо забони тоҷикӣ илова шуд.
«Дизайни нави торнамои ФФТ, новобаста аз он ки истифодакунанда хонандаи доимист ва ё бори аввал торнаморо варақ мезанад, хеле оддӣ ва мувофиқу роҳат аст. Мухлисон метавонанд, ахбори барояшон лозимаро, саривақт ва бе душворӣ аз торнамои расмии ФФТ пайдо кунанд», - омадааст дар иттилои ФФТ.
Гуфта мешавад, дар арафаи соли нав роҳандозӣ шудани сайти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон тасодуфӣ нест, зеро ин ид вежагиҳои худро дорад ва ҳар яки мо умед дорем, ки соли нав беҳтару комёбтар аз пешин бошад.
Зимнан зикр мегардад, ки суроғаи сайти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дигар нашудаст: www.fft.tj .
Ёдовар мешавем, ки сайти ФФТ соли 2012 роҳандозӣ шуда, то имрӯз танҳо бо забони русӣ фаъолият дошт.
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста