Раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарият ва ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар оғози суҳбат раиси вилоят зикр дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату ҳукумат баҳри дастгирии намудҳои гуногуни варзиш, хосса футбол тамоми тадбирҳо андешида мешавад .
Дар мулоқот оиди бурду бохт ва фаъолияти даста дар соли равон ҳисоботи директори клуби «Хуҷанд» Раҳимхӯҷа Қобилхӯҷаев шунида шуд. Номбурда қайд намуд, ки дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд чемпионати 23-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболро бо гирифтани зинаи чоруми ҷадвали мусобиқот ба анҷом расонид.
Таъкид гардид, ки барои ҳунарнамоии хуби футболбозон шароити лозима фароҳам оварда шуд. Новобаста ба ин ҳунарнамоии футболбозони даста ва сазовор гаштан ба мақоми чорум ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Вобаста ба бартараф намудани мушкилоту муаммои ҷойдошта ва дар оянда ноил гаштан ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ мулоқоти ошкорои роҳбари вилоят бо ҳозирин, бозингарону мураббиён, мухлисон ва собиқадорони соҳа ба вуқӯъ пайваст.
Ҳозирин фикру ақидаи хешро перомунин масъалаи баррасишаванда иброз дошта, таъкид намуданд, ки ҷавобан ба чунин таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо бояд дастаи мазкур дар ҷадвали мусобиқот ба натиҷаи аз ин ҳам болотар сазовор мегашт. Бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолияти минбаъдаи даста, дар ҳайати роҳбарикунандаи он тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуда, ба вазифаи директори даста номзадии Рустам Марофиев пешниҳод гардид. Ҳозирин изҳор доштанд, ки чунин тағйиротӣ кадрӣ ба пешрафти фаъолияти даста таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки давоми соли оянда бо мақсади ривоҷи футбол дар вилоят мактаби вилоятии футбол таъсис дода мешавад, ки баҳри тарбияи варзишгарони бомаҳорат хизмат хоҳад кард.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста