Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев, бегоҳи рӯзи 15-уми январ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки аз 16 то 25 январ баргузор мегардад,  ба Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии аввалии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар «Ҷоми Иттиҳод-2015» рӯзи шанбеи 17 январ бо мунтахаби ҷавонони Қазоқистон баргузор мешавад. Ин бозӣ соати 14.15 дақиқа бо вақти маҳаллӣ (16.15 бо вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Рӯзи дигараш, яъне 18 январ, шогирдони Алишер Тухтаев бо ҳамсолони худ аз Африқои ҷанубӣ рақобат мекунанд. Оғози бозӣ соати 18.30 дақиқа бо вақти Душанбе. Бозии охирини марҳилаи гурӯҳии худро, мунтахаби ҷавонони мо, рӯзи 20 январ бо мунтахаби ҷавонони Литва мегузаронад.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввалӣ 12 дастаи иштирокчӣ ба се гурӯҳи чор дастагӣ тақсим карда шуданд. Сабқати марҳилаи аввал аз рӯи системаи даврӣ гузаронида мешавад, ки дар он ҳар як даста бо дастаҳои гурӯҳи худ, як бозигӣ мекунад.

Дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалу дуюмро ишғолкарда ва ду дастаи ҷойҳои сеюми нишондиҳандаҳояшон авлотар, барои ҷойҳои аз 1 то 8, аз рӯи системаи «плей-офф» бозӣ мекунанд.

Се дастаи дар гурӯҳҳо ҷойҳои охирро ишғолкарда ва як дастаи ҷои сеюми нишондиҳандаҳояш пасти марҳилаи гурӯҳӣ, барои ҷойҳои 9-12 низ, аз рӯи системаи «плей-офф» рақобат мекунанд.