Дар вохӯрии чаҳорякфиналии мусобиқаи футболи «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия идома дорад, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ ба тими мунтахаби Туркманистон ба нокомӣ (0-2) дучор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, футболбозони туркман дар дақиқаҳои 45 ва 86-уми бозӣ тӯбҳоро ба ҳадаф расониданд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Финландия, Белорус, Туркманистон ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоии мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод-205» роҳ ёфтанд. Дастаҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия дар мусобиқа барои ишғоли ҷойҳо 5-8-ум қувваозмоӣ мекунанд.