Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ рӯзи 26 январ дар Душанбе бо Чун Мон Гу, сарвари Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ вохӯрданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Федератсияҳои футболи ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ изҳор намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳамкасбонии кореягии худ, ҷиҳати маркетинг, алоқаҳои байналмилалӣ, маълумоти мураббигарӣ, футболи кӯдакону наврасон ва дар дигар самтҳо барои мубодилаи таҷриба таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.
Дар навбати худ Чун Мон Гу таъкид кард, ки Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ омода аст, ки ҳампешагони тоҷики худро дастгирӣ намояд.
Дар вохӯрӣ роҳбари ФФТ Рустами Эмомалӣ ҳамтои худ Чун Мон Гуро ба муносибати ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 раҳ ёфтани мунтахаби миллии Кореяи Ҷанубӣ, ки имрӯзҳо дар Австралия мегузарад, табрик кард. «Мунтахаби шумо дар майдонҳои футболи Австралия бозии аъло нишон медиҳад. Имрӯз футболбозони шумо муваффақ шуданд, ки мунтахаби Ироқро мағлуб карда, ба бозии ниҳоӣ бароянд. Аз таҳти дил, ба мунтахаби шумо дар Ҷоми Осиё ғолиб шуданро таманно дорам!», – гуфт Рустами Эмомалӣ.
«Ташаккур! Ман аз бори аввал дар Тоҷикистон буданам бисёр шодам. Мо омодаем, ки дар омӯзиши мутахассисони шумо кӯмак кунем. Дар оянда мо вохӯриҳои мунтазамро дар сатҳи мумайизон (экспертов), гузаронидани машғулиятҳоро барои мураббиён ва баргузории вохӯриҳои дӯстонаро миёни мунтахабҳои миллии синну солашон мухталиф дар нақша дорем», – гуфт Чун Мон Гу.
Дар вохӯрӣ ноиби аввали президенти Федератсияи футболи мамлакат Хуршед Мирзоев, дабири кулли ФФТ Ислом Маҳмадшоев, ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ Ким Дон Дае ва ёвари президент Син Сун Хо иштирок карданд.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста