Сардори шуъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Давлатманд Исломов комиссари бозии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 таъин шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, Давлатманд Исломов ба сифати комиссар бозии марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО-2015 байни дастаҳои «Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ ва ғолиби ҷуфти «Ал-Қадсия» (Қувайт) – «Ал-Веҳдат» (Урдун)-ро хизматрасонӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ин бозӣ рӯзи 17-уми феврал дар Ҷидда баргузор шуда, бозиро ҳайати доварон аз Баҳрайн бо сардории Наваф Абдулла Шукрулло ҳакамӣ мекунанд. Наваф Абдулла Шукрулло бозиҳои марҳилаи ниҳои Ҷоми ҷаҳон-2014-ро дар Бразилия доварӣ кардааст. Ӯро доварони канорӣ ҳамватанонаш  Ясер Халил Иброҳим Абдулло Тулефат ва Иброҳим Муборак Сабт кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Абдулазиз Юсуф Аҳмад Абдуло мебошад. Ҳайати доваронро Алӣ Муҳаммад Буҷсаим аз Амороти Муттаҳидаи Араб назорат мекунад.