Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D», ки дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Тоҷикистон шомили он аст, дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ бо истинод ба Конфедератсияи футболи Осиё, марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D» аз 27 то 31 март дар шаҳри Фуҷираи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони мо дар ин гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони АМА, Шри-Ланка ва Яман мебошанд.

Баромади худро дар марҳилаи гурӯҳӣ шогирдони Алишер Тухтаев рӯзи 27-уми март аз бозӣ бо мунтахаби ҷавонони Яман оғоз мекунанд. 29-уми март бошад, футболбозони мо бо соҳибони майдон (АМА) ва дар даври охирин санаи 31-уми март бо мунтахаби ҷавонони Шри-Ланка рақобат мекунанд.

Ёдрас мешавад, ки дар марҳилаи интихобии ЧО-2016 43 мунтахаби ҷавонони қораи Осиё дар ду минтақа ҷудо шуда ширкат мекунанд. Ба минтақаи ғарб 23 даста ва ба минтақаи шарқ бошад, 20 даста шомиланд.

Дар вақти қуръакашӣ дар минтақаи ғарб 3 гурӯҳи 5 дастагӣ ва 2 гурӯҳи 4 дастагӣ созмон дода шуд. Дар минтақаи шарқӣ бошад, 5 квартети 4 дастагӣ таъсис ёфт. Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки аз 12 то 30 январи соли 2016 доир мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷои дуюме, ки нишондиҳандаҳои хубтарро соҳиб гардиданд, роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 дар давлати Қатар баргузор мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки чемпионати мазкур, марҳилаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ-2016 низ маҳсуб меёбад. Ҷоизадорони ин чемпионат соҳиби роҳхати Бозиҳои Олмпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейро мешаванд.

Чемпионати Осиё-2016 байни даста ҳ ои мунтахаби ҷ авонони зери 23-сола (U-23).  Мар ҳ илаи интихоб ӣ

Гур ӯҳ и «D»:  АМА, Яман, ТОҶИКИСТОН, Шри-Ланка.

Даври 1-ум

27 март (ҷумъа)

Яман – ТОҶИКИСТОН

АМА – Шри-Ланка

Даври 2-юм

29 март (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН – ОАЭ

Шри-Ланка – Яман

Даври 3-юм

31 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка

АМА – Яман

Гур ӯҳҳ ои дигар:

Гурӯҳи «А»: Ироқ, Оман, Баҳрайн, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «В»: Урдун, Қувайт, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Эрон, Непал, Фаластин, Афғонистон.

Гурӯҳи «Е»: Сурия, Узбекистон, Ҳиндустон, Бангладеш.

Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянма, Гонконг, Тайбеи Чин.

Гурӯҳи «G»: ҶХДК, Таиланд, Камбоҷа, Филиппин.