Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон имрӯз ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома интишор карданд.

Дар муроҷиатнома ба сарвари давлат арзи сипос изҳор гардида, қайд мешавад, ки «мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани фармон“Дар бораи Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ»-ро шунида, нињоят шод гардидем ва ин хушхабар варзишгарон ва ҷавононро беҳад рӯҳбаланд намуд».

«Мулоқоти Шумо бо варзишгарони мамлакат, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшид. Баъди ин вохӯрӣ ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд гардида, дар онҳо шароити зарурии машқу варзиш фароҳам оварда шуданд. Дар ин радиф варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд», - баён мегардад дар муроҷиатнома.

Зимнан зикр мегардад, ки бо иштироки сарвари давлат танҳо дар соли 2014 теъдоди зиёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла корти нави теннис дар шаҳри Душанбе, толори калони майдони олимпии Маркази солимгардонии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифта, санги асос барои бунёди варзишгоҳи дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат гузошта шуд ва ҳамчунин эълон гардидани Соли оммавияти футбол низ дили миллионҳо наврасону ҷавононро ба ин навъи варзиш гарм намуда, ба рушди он дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Қайд мешавад, ки таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҶТ маблағгузорӣ мешавад, бори дигар аз олиҳимматӣ ва ғамхории падаронаи сарвари давлат оид ба варзишгарон ва соҳаи варзиш дарак дода, ин иқдом масъулияти варзишгаронро дучанд афзун  ва онҳоро водор месозад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони азизро боз ҳам баландтар бардоранд.

«Мо, варзишгарони тоҷик ва наврасону ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро  муқаддас мешуморем ва онро сидқан дӯст медорем, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамчун ҳомии варзиш ва ташаббускори тарзи ҳаёти солим Шуморо Сармураббии Олии худ эълон медорем», - таъкид мегардад дар муроҷиатнома.