Дар бозии аввали дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Эрбил»-и Ироқ дар Душанбе бозии лотерея гузаронида мешавад, ки ҷоизаи асосиаш автомобили тамғаи Toyota Camry мебошад.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол», пас аз анҷоми вохӯрӣ тибқи рақамҳои билетҳои воридшавӣ миёни мухлисон бозии лотерея гузаронида шуда, ғолиб соҳиби автомобили нав бо рақамҳои «нуқрагӣ» (рақамҳои ҷолиб) мегардад.

Қобили зикр аст, ки нархи билети воридшавӣ ба варзишгоҳ ба бозии дастаҳои «Истиқлол ва «Эрбил» ба нишастгоҳи асосӣ (ғарбӣ) – 25 сомонӣ ва боқимонда нишастгоҳҳои қисмати шимоливу шарқӣ ва ҷанубии варзишгоҳ – 15 сомонӣ муқарра шуда, рӯзҳои наздик фурӯши билетҳо оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки бозии «Истиқлол» - «Эрбил» рӯзи чоршанбе, 25 феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегардад. Оғози бозӣ соати 14-00.