Аз 17 то 19 феврал гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ҳайати Алишер Урунов, Сафар Каримов, Раҳмон Муртазоев ва котиби масъули Федератсияи футболи вилоят Аҳлидин Юнусов барои шинос шудан ба вазъи дастаҳои футболи қаламрави вилояти Суғд аз чанд шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин гурӯҳ ба шаҳру навоҳии Спитамен, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшан ташриф оварда, оид ба вазъи дастаҳои футболи ин минтақаҳо бо масъулин мулоқотҳо доир намуд.

Гуфта мешавад, гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо вазъи варзишгоҳҳое, ки дар он  бозиҳои имсолаи мавсими футбол барпо мешавад, аз наздик шинос шуданд.