Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедеретсияи футболи Осиё» (КФО) дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бар дастаи «Аҳал»-и Туркманистон дар Ашқобод бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо гашт.

Бино ба иттилои торнамои тоҷикии радиои «Озодӣ» , ин бозии сабқати гурӯҳи “С” шоми рӯзи 11-уми март, дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон баргузор гардида, нахустин пирӯзии дастаҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC маҳсуб мешавад.

Гуфта мешавад, Фатҳулло Фатҳуллоев, ҳамлагари "Истиқлол", дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Вале мизбонон дар дақиқаи 27-ум ҳисобро баробар намуданд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метра Сулаймон Оразов ба ҳадаф расонд. Голи дувуми “Истиқлол”-ро нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 70-ум зад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар гурӯҳи “С” имрӯз боз як бозӣ байни дастаҳои «Эрбил»-и Ироқ ва  «Ал-Қодсия»-и Кувайт баргузор шуд. Ин бозӣ, ки дар майдони бетараф - варзишгоҳи «Абдулло Бин Халифа Стэдиум»-и Қатар барпо гардид, бо пирӯзии кувайтиҳо бо ҳисоби 1-0 ба анҷом расид. Голи ягонаро Даниэл Суботик дар дақиқаи 77-ум зад.

Пас аз ду даври бозиҳо дар гурӯҳи «С» дар ҷадвал бо 6 имтиёз дастаи  «Ал-Қодсия» пешсаф буда, «Эрбил» ва «Истиқлол» бо 3 имтиёзӣ дар зинахои дуюму сеюм қарор доранд. Даста «Аҳал» алҳол ҳеҷ имтиёз ба даст наовардааст. Бози навбатии «Истиқлол» рӯзи 18 март дар сафар бот ими «Ал-Қодсия» доир мегардад.