Рӯзи 15 март дар шаҳри Душанбе бозиҳои ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуданд.

Бино ба иттилои ФФТ, дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқи дастаи КМВА «Помир» бар дасти «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.

Гуфта мешавад, чун як сол қабл дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат қувваозмоӣ намуда, футболозони пойтахт бо ҳисоби калони 5 бар 1 пирӯз шуданд ва соли дуюм пайдарпай ба Ҷоми ФФТ соҳиб шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маросими тантанавӣ медалу ҷоиза ва мукофотпулиҳоро ба футболбозон менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов, директори Академияи «Истиқлол», узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Аҳтам Абдуллозода тақдим карданд.