Ниммарафони VI байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон санаи 18 апрел доир мегардад.

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бояд то санаи 30 март шумори иштирокчиён ва тартиби гузаронидани ин чорабинии варзишӣ ва Раёсати сармоягузорӣ ва амволи мақомоти шаҳрдории пойтахт сарпарастони ниммарафонро муайян намоянд.

Қобили зикр аст, ки нимарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардида, мақоми арзандаро касб кардааст. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик, намояндагони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар давлатҳо ширкат меварзанд.

Барои ғолибони ниммарафон ҳам миёни занон ва ҳам дар байни мардон, ки ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғол карда буданд, солҳои қаблӣ дар ҳаҷми аз 1800 $ (барои ҷойи 6-ум) то 3500 доллари ИМА (барои ҷойи 1-ум) мукофотпулиҳо тақдим гардида буд.

Ниммарафони нахустини байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки вразишгарони аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.