Довари тоҷик Баҳром Саъдуллоеви 41-сола ба ҳайати доварон дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2016 миёни ҷавонони то синни 23-сола дар гурӯҳи «Е» шомил гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), даври интихобии мусобиқот дар ин гурӯҳ аз 27 то 31 март дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад. Дар ин гурӯҳ ба ҷуз соҳибони майдон – дастаи Бангладеш, ҳамчунин дастаҳои мунтахаби Сурия, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон баҳри дарёфти роҳхат ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2016 қувваозмоӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Баҳром Саъдуллоев дар ҳайати дастаи доварони Чоримурод Қурбонов аз Туркманистон бозии даври сеюм дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё миёни дастаҳои «Ал-Ҷайш»-и Сурия ва «Кувайт»-и Кувайтро доварӣ намуда буд.