Ахири ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон ҷаласаи Ассамблеяи XIV генералии КМО ҶТ баргузор шуда, дар он фаъолияти Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ дар давраи солҳои 2013-2014  натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои солҳои 2015-2016 муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КМО ҶТ, дар ҷаласа ба масъалаи омдгаии варзишграни тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Ри-де-Жанейро (Бразилия) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

«Имсол ва нимаи аввали соли оянда варзишгарони мо барои гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд, ки ба 15 нафари онҳо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ стипендияи ҳармоҳа ба маблағи аз 200 то 1000 доллар муқаррар шудааст», - иброз доштааст зимни суханронӣ дабири кулли КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба иттилои манбаъ, Б.Раҷабалиев ҳамчунин зикр кардааст, ки «Кумитаи миллии олимпӣ то ҳоло сарпараст надорад ва аз ин рӯ, мо аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардем, ки дар ҳалли ин масъала кӯмак кунад».