Дар мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки имрӯзҳо дар шаҳри Ухани Чин ҷараён дорад, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.68 метр маротибаи сеюм қаҳрамони Осиё шуд.

Қабл аз оғози мусобиқа низ сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Осиё варзишгари тоҷикро яке аз довталабони асосӣ мешуморид. Рақибони асосиаш қахрамони ҷаҳон миёни наврасон Ашраф Амгад - Ал-Сайфӣ (Қатар), Ван Шичжу (Чин) ва Қавӣ Мусавӣ (Эрон) номбар шуда буданд.

Солҳои 2009 ва 2013 низ Дилшод Назаров ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё оид ба гурзандозӣ дастёб гардида буд.

Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои Олимпиада-2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) даст ёфт.

Рӯзи 25 майи соли равон ӯ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» дар Чехия ширкат варзида, ба натиҷаи дуюм дар ҷаҳон ноил гардид. Дилшод гурзро ба масофаи 79,36 см партофт, ки ин ба ӯ барои иштирок дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон-2015 (22-30 август, Пекин) ва Бозиҳои Олимпиада-2016 дар Рио-де-Жанейро ҳуқуқ медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Евгений Шумарин хабар дод, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ҳамчунин Фарҳод Куралов (давидан ба масофаи 800 метр), Александр Пронженко (масофаи 400 метр), Даврон Атобоев ( масофаи 100 метр) ва Кристина Пронженко (варзиши ҳафтгона) низ иштирок мекунанд.