Рӯзи 18 июн дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии вохӯриҳои давраи чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, натиҷаҳои қуръакашӣ маълум кард, ки дар ин даври мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо тими «Паханг»-и Малайзия бозӣ мекунад.

Гуфта мешавад, бозии аввал миёни ин дастаҳо 26-уми август дар шаҳри Душанбе ва бозии ҷавобӣ 16-уми сентябр дар шаҳри Куантана доир мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки ғолиби ин бозӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, бо дастаи ғолиби вохӯрии байни дастаҳои «Кувейт»-и Кувейт ва «Китчи»-и Гонконг рақобат мекунад.

Ҷуфтҳои дигари давраи ниманиҳоии Ҷоми КФО-2015:

«Аь-Қодсия» (Кувейт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

«Ҷохор Дорул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Гонконг)

СК «Кувейт» (Кувейт) – «Китчи» (Гонконг)