Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Кодирӣ рӯзи 23 июн бо кормандон ва масъулини муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон»-и вилоят мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ҷараёни сӯҳбат Раиси вилоят оиди ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти муассиса ва роҳҳои бартараф сохтани он аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати пурзур кардани кор дар оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин самт бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ пурзӯр карда шуда, иттифоқи чавгонбозон таъсис дода шавад, зеро чавгонбозӣ яке аз намудҳои варзиши ниёгонамон ба ҳисоб рафта, аз қадим гузаштагонамон ба он шуғл меварзиданд ва дар байни мардум маҳбубияти зиёд дошт.

Дар ин раванд раиси вилоят масъулинро вазифадор сохт то барои муассиса ҷойгоҳи доимӣ пайдо намуда, ҳамчунин ҷалби мураббиҳои варзида, ҳамкорӣ бо гурӯҳи чавгонбозони Эрон ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Вобаста ба дастаи футболбозони наврас дастур дода шуд, ки бояд  беҳтарин варзишгаронро аз тамоми қалмарави вилоят сарҷамъ кард ва дар маркази вилоят баҳри буду боши онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Ин тадбири муҳим имконият медиҳад, ки дар оянда дастаҳои футболи вилоят ва кишвар бо бозингарони моҳир  таъмин гарданд ва варзиши тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ созанд.

Хотиррасон бояд кард, ки пас аз таъсиси мактаби мазкур дастаҳои махсуси чавгонбозӣ ва футбол фаъолияти густурдаи худро ба роҳ мондаанд. Бино ба иттилои масуълин айни замон дар гуруҳи чавгонбозӣ 54 нафар машқу тамрин доранд, ки аз онҳо 20 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон бо мақсади оммавӣ гардонидани футбол дар асоси дастури  Раиси вилоят то имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят кастинги футболбозони наврас гузаронида шуда, 27 гурӯҳ ташкил ёфтааст, ки дар онхо 216 нафар футболбозони наврас ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Хотиррасон бояд кард, ки «Мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон» нахустин ва ягона мактаб дар кишвар аст, ки дар он наврасону ҷавонон илова бар бозии футбол ҳамзамон чавгонбозиро меомӯзанд.