Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс бахшида ба ёдбуди маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков дар шаҳри Екатеринбурги Русия Сиёвуш Зуҳуров, писари роҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров ба гирифтани медали биринҷии ин мусобиқа шарафёб гардид.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, дар ин мусобиқа 73 варзишгар ва 13 минтақаи Русия ва чор даста аз Қазоқистону Озарбойҷон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат варзида, дастаи Тоҷикистонро дар он ду варзишгар - Фирдавс Ҷомуродов ва Сиёвуш Зуҳуров намояндагӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар мусобиқаҳо дар вазни беш аз 91 кило Сиёвуш Зуҳуров бар варзишгар аз Ханти-Мансийск Антон Меркулов бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо мешавад ва сипас аз рақобат дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгар Рашид Кодзоев (Ингушетия, Русия) даст кашида, дар натиҷа соҳиби мақоми сеюм ва медали биринҷӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Фирдавс Ҷомуродов дар қувваозмоии нахуст дар вазни то 52 кило аз варзишгар Кирилл Никифоров аз шаҳри Челябински Русия шикаст хӯрдааст.