Мунтахаби футболи ҷавонони синни на болотар аз 19 солаи Тоҷикистон (U-19) ба машқҳову омӯзиш дар Душанбе шурӯъ намуд.

Менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов ба сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ дар ин робита гуфтааст, дар ҷараёни ин давраи тамринҳои ҷисмониву машғулиятҳои назариявӣ, ки то 17 июл идома меёбанд, футболбозони ҷавон таҳти роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров рӯи 16 июл бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе як вохӯрии дӯстона барпо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикстон моҳи октябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Малдив (6 октябр) қувваозмоӣ мекунад. Мусобиқаи интихобии мазкур дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол (U-19), ки соли 2016 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи дорои нишондиҳандаи беҳтарин миёни тимҳои ҷойи 2-юмро ишғолкарда роҳ меёбанд.