Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалӣ ба хотири бародарон Знаменскийҳо дар вилояти Маскав пирӯз шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ, дар ин мусобиқа варзишгари тоҷик гурзро ба масофаи 78,29 метр партофта, ғолиб дониста шуд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро бо нишондиҳандаҳои 77,50 метр Марсел Ломнитский аз Словения ва 77,00 метр варзишгари Русия Сергей Литвинов ишғл намуданд.

Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои Олимпиада-2016  дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) даст ёфт.

Ҳамчунин дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2015 дар шаҳри Ухани Чин Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.68 метр маротибаи сеюм қаҳрамони Осиё шуд.

Бозиҳои олимпии соли 2016 барои Дилшод Назаров Олимпиадаи чорум аст. Бори нахуст ӯ соли 2004 дар Олимпиадаи Афина (Юнон) иштирок кард. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ӯ зинаи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мақоми 10-умро касб намуда буд.

Дилшод Назаров қаҳрамони Осиё дар солҳои 2009 ва 2013 аст. Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон соли 2013 дар Маскав ба дарёфти мақоми 5-ум ноил гардида буд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари варзишгари маъруф будан, айни замон Дилшод Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон низ фаъолият дорад.