Рӯзи шанбеи 1-уми август қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт. Дар доираи бозиҳои даври 10-уми чемпионат, ҳамаи даҳ дастаи лига ширкат карданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и пойтахт дар шаҳри Қӯрғонтаппа меҳмони “Вахш” шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи меҳмонони душанбегӣ анҷом ёфт. Голҳоро Хуршед Маҳмудов, Манучеҳр Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонданд.

Дар бозии марказии давр байни “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб низ ғалаба насиби меҳмонони кӯлобӣ гардид. Бозии шавқовару дидани бо ҳисоби 3 бар 4 анҷом ёфт. Ин бозии нахустини дастаи Истаравшан зери роҳбарии Алиёр Ашурмамадов буд.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд ни дар сафар,  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуд. Голҳои задаи Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров ва Ҷаҳонгир Эргашев се имтиёзро насиба дастаи соҳили Сирдарё карданд.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ КМВА Помир”-ро бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб кард. Голи ягонаи соҳибони майдонро дар дақиқаи 43 бозӣ Комил Саидов зад.

“Хайр”-и Ваҳдат  бар аутсайдери чемпионати имсола “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягонаро дар ин вохӯрӣ Меҳроҷиддин Музаффаров вориди дарвозаи меҳмонон сохт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал баъди 10 давр:

   

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

10

10

0

0

37-2

30

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

7

2

1

19-7

23

3

«Хайр» (Ваҳдат)

10

6

1

3

15-13

19

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

5

4

1

15-7

19

5

«Равшан» (Кӯлоб)

10

5

2

3

21-20

17

6

«Далерон-Уротеппа» (Истаравшан)

10

3

2

5

13-16

11

7

КМВА «Помир» (Душанбе)

10

3

2

5

7-13

11

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

10

1

3

6

3-18

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

10

1

2

7

6-19

5

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

10

0

0

10

1-22

0