Мутахассиси шинохтаи тоҷик Тоҳир Муминов баъди аз вазифаи сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат барканор шудан, муддати зиёде бекор намонд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Тоҳир Муминов ба вазифаи сармураббии чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб таъин шуд. Ин хабар аз ҷониби роҳбарияти клуби футболи шаҳри Кӯлоб тасдиқ гардид.

Сар аз фардо мутахассиси 45-сола фаъолияташро дар  “Равшан”-и Кӯлоб оғоз мекунад. Рӯзи шанбеи 8 август бошад, “Равшан” дар доираи бозиҳои даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, дар майдони худ “Барқи тоҷик”-и Душанберо қабул мекунад.

Айни замон “Равшан” баъди 10 давр бо 17 имтиёз дар зинаи панҷуми чемпионат қарор дорад. Дастаи шаҳри Кӯлоб нисбат ба “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки  зинаи дуюми ҷадвали чемпионатро ишғол мекунад, ҳамагӣ шаш имтиёз кам дорад.