Варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохили Тоҷикистонг Хуршед Маҷидов, ки ба наздикӣ аз мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳузур пазируфта шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода паҳлавонро барои ноил гардидан ба ин дастовард ва баланд бардоштани парчами кишвар дар арсаи байналмиллалӣ самимона табрику таҳният намуд.
Мавсуф қайд кард, ки танҳо бо тамрини пайваста ва сайқал додани ҳунару маҳорат метавон ба унвонҳои баланди варзишӣ соҳиб гашт. Имрӯз, самараи заҳмату талошҳои Хуршед Маҷидов натиҷаи дилхоҳ доданд, ки онро мо дар сазовори мақоми муайян гардидани ӯ дар чунин мусобиқаи бонуфуз мебинем. Боварӣ аст, ки варзишгарони тоҷик дар оянда низ бо дастовардҳои назаррас обрӯю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.
Ёдовар мешавем, ки Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни варзишгарони синнашон то 18-сола, ки рӯзҳои 5-9 августи соли равон дар Ҷумҳурии Босния ва Гертсоговина аз рӯи намуди «дзю-до» баргузор гардида буд, дар вазни беш аз 90 кило ҷойи севумро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гашт. Хуршед дар қисмати ниҳоӣ аз ҳарифи россиягии худ шикаст хӯрд. Сипас, барои ҷойи севвум бо намояндаи Ҷумҳурии Литва рақобат намуда, баъди дастболо шудан, соҳиби ҷойи севум гардид.
Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ 475 варзишгар аз 59 кишвари дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистон 10 нафар варзишгар иштирок доштанд.
Айни замон, Хуршед Маҷидов бо дастгирии мураббиаш, устоди варзиш Иззатулло Худоиев дар заминаи маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД тамринҳои худро идома дода, барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба «Дзю-до», ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Таиланд дар назар дошта шудааст, омодагӣ мебинад.
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Ба бофандагон, дӯзандагон, кулолгарон... Дар Суғд ба 60 зани ҳунарманд грант медиҳанд
“Бештар хонандагони мактаб мераванд”. Андешаи сокинон перомуни театри тоҷик
Шӯрои уламо: “Ба суханони уламои кишвар амал кунед”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста