Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷандро ба сифати макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кард.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии кишвар, сабқати марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи нави «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Ӯзбекистон - Тошканд  барпо мегардад, роҳ меёбанд.

Ёдрас мешавад, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай ва Эл-Кувайт панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод.