Дар вохӯрии ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар сафар бозиро бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд мусовӣ (0:0) анҷом дода ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, зеро дар бозии аввал бо ҳисоби 6 бар 1 дастболо шуда буд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарифи «Истиқлол» дар даври ниманиҳоӣ аз рӯи натиҷаи қувваозоии чорякфиналӣ байни дастаҳои «Равшан»-и Кулоб ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа маълум мешавад.

Бозиҳои дигари даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон имрӯз баргузор шуда дар он дастаҳои «Равшан» - «Вахш», КМВА «Помир» - «Барқи тоҷик» ва «Регар-ТадАЗ» - Саройқамар» бо ҳам рақобат мекунанд.