Рӯзи 20 август се бозии боқимондаи даври аввли марҳилаи чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омад.

Дар ду бозии дигар КМВА»Помир» дар майдони худ бар дастаи «Барқи тоҷик» бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуда, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода низ дар майдони худ бо ҳисоби калони 3 бар 0 дастаи лигаи аввал - «Саройқамар»-и Панҷро мағлуб кард. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 25 август баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар сафар бозиро бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд мусовӣ (0:0) анҷом дода ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, зеро дар бозии аввал бо ҳисоби 6 бар 1 дастболо шуда буд.