Ҳамаи 4 дастаи иштирокчии бозиҳои нимфиналии Ҷом футболи Тоҷикистон-2015 муайян шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар се бозии ҷавобии боқимонда  «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ вохӯрӣ бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро мусовӣ 0 бар 0 анҷом дода, чун дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омада буд, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт.

Дастаи «Барқи тоҷик» дар майдони худ аз тими КМВА»Помир» бо ҳисоби калони 1 бар 5 шикаст хӯрда, аз ҳаққи иштирок дар даври дигар маҳрум шуд. Дар бозии аввали ин дастаҳо низ КМВА «Помир» бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуда буд.

Бозии дастаи лигаи аввал - «Саройқамар»-и Панҷ бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Фархор мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфта, «Регар-ТадАЗ» аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал бо ҳисоби 3 бар 0 соҳиби роҳхат ба бозиҳои нимфиналӣ гардид.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар вохӯрии ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар сафар бозиро бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд мусовӣ (0:0) анҷом дода ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, зеро дар бозии аввал бо ҳисоби 6 бар 1 дастболо шуда буд.

Ҳамин тариқ дар вохӯриҳои нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 «Истиқлол» бо «Равшан» ва КМВА «Помир» бо «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали нимфиналӣ рӯзҳои 19-20 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30 сентябр-1 октябр доир мегарданд.