Дар даври чоруми Олимпиадаи шоҳмот дар Боку дастаи мардонаи Тоҷикистон бо ҳисоби 1,5 бар 2,5 аз дастаи Молдова шикаст хӯрда, дастаи занонаи ҷумҳурӣ бо ҳамин ҳисоб бар дастаи Белгия дастболо шуд.

Дар давраҳои пешин дастаи мардонаи Тоҷикистон бар дастаҳои Серра-Леона ва Андорра ғолиб омада, аз тими Канада шикаст хӯрда буд. Дастаи занона бар дастаҳои Палестина ва Белгия ғолиб омада, бо тими Мексика қувваозмоиро мусовӣ анҷом дод ва дар бозӣ бо дастаи ИМА ба бохт дучор гардид.

Ҳамин тариқ, миёни 150 кишвари иштирокчиёни ин мусобиқа дастаи мардонаи Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз зинаи 75-ум ва дастаи занонаи ҷумҳурӣ бо 2,5 имтиёз мақоми 50-умро ишғол мекунанд.

Дар мусобиқаи миёни мардон дар ин Олимпиада дастаҳои Чин, Озарбойҷон ва Нидерланд ва байни занон дастаҳои Украина, Сербия ва Русия пешсафанд.