Дар шаҳри Улан-Удеи Русия имрӯз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар он 4 варзишгардухтар намояндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и ҷумҳурӣ, чемпионат рӯзҳои 3-13 октябр баргузор шуда, дар он беш аз 300 варзишгари 75 кишвар иштирок мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин қувваозмоӣ Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60 кг, Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64 кг ва Идимоҳ Холова дар вазни 69 кг бо роҳнамоии ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева намояндагӣ мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” дабири кулли КМО-и Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода хабар дод, ин Кумита иштироки танҳо як варзишгарро маблағгузорӣ кардааст.

“Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарпарастии танҳо як иштирокдор – Шоира Зулқайнароваро ба уҳда гирифт. Дар бораи дигарон маълумот надорем, аз Федератсияи бокс пурсед”, - гуфт ӯ.

Маблағгузории иштироки дигар намояндагони Тоҷикистонро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъмин кардааст. Дар ин бора аз ин Кумита ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Гуфта мешавад, муҳорибаҳои варзишгарони мо аз рӯзи дуюми мусобиқот шурӯъ мегардад. 4-уми октябр Идимоҳ Холова дар аввалин рақобаташ бо варзишгари Ӯзбекистон Шаҳноза Юнусова ба ринг мебарояд. 5-уми октябр Миҷгона Самадова бо намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобӣ нерӯ месанҷад. Муҳорибаи Шоира Зулқайнарова бо варзишгарбонуи Венесуэлла Омайлин Алкала 6-уми октябр ва муҳорибаи нахустини Нилуфар Бобоёрова муқобили намояндаи Алҷазоир Чаҳира Селмоунӣ 7-уми октябр сурат мепазирад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон шурӯъ аз соли 2001 баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.