Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар даври интихобии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” дар се бозӣ ғалаба ба даст овард.
Дар даври хотимавӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи Сурия дастболо шуданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 46-ум ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и пойтахт Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонид.
Дар ду бозии аввали ин даври интихобӣ дар гурӯҳи “С” футболбозони ҷавони тоҷик тими Малдивро бо ҳисоби 9:0 ва Лубнонро бо ҳисоби 1:0 мағлeб карданд.
Ҳамин тариқ, бо касби 9 холи имконпазир мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” зинаи аввалро ишғол намуда, ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Боқимонда 14 дастаи иштирокдори Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонон дар Ӯзбекистон рӯзи 10-уми ноябр бо анҷоми мусобиқаи даври интихобӣ дар 10 гурӯҳи дигар муайян карда мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста