Дар нахустин қувваозмоиҳои Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ду муштзани тоҷик бар рақибони худ дастболо шуданд.
Чемпионати Осиё 10-уми октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб оғоз шуд. Дар рӯзи аввали мусобиқа 4 варзишгари тоҷик муҳориба карданд ва ду нафари онҳо ғалаба ба даст оварданд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар вазни 52кг Абубакр Муродов бар Адилет Омуров аз Қирғизистон бо ҳисоби 4:1, инчунин дар вазни 57кг Довуд Маҳкамов бар варзишгари дигари Қирғизистон Йирискелдӣ Эмирбек бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.
Ду варзишгари дигари тоҷик Абубакр Юнусов дар вазни +80кг аз ҳарифи қирғизистониаш Арген Бактибеков, инчунин Бахтовар Далиев дар вазни 63кг аз ҳарифи чиниаш Синран Жао мағлуб гардиданд.
Аввалин муҳорибаҳои худро варзишгарони дигари мо Баҳоваддин Солеҳов муқобили Абдулла Патиев аз Қазоқистон дар вазни 50кг, инчунин Фирдавс Рустамов муқобили По-Ҳао Ҳсу аз Тайпейи Чин дар вазни 46кг имрӯз доир мекунанд.
Абубакр Муродов дар даври дуюм бо Ҷунҳо Ким аз Кореяи Ҷанубӣ вориди ринг мешавад.
Ёдрас мекунем, дар ин мусобиқа, ки то 17-уми октябр идома меёбад, 239 варзишгар аз 26 кишвари қораи Осиё дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон ва 13 вазн миёни духтарон – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар – 10 писар ва 1 духтар ба АМА сафарбар шудаанд, ки дар 11 вазн муҳориба мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста