Мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе машқҳои омодагӣ ба бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тими Ҷопонро оғоз кард. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

1/17

Рӯзи 12-уми октябр таҳти роҳбарии сармураббӣ Хадзимэ Мориясу барои бозӣ бо Тоҷикистон 23 бозигари мунтахаби Ҷопон ба Душанбе омаданд.

Қобили зикр аст, ки танҳо 4 нафари онҳо дар дастаҳои Ҷопон ва 19 нафари дигар дар тимҳои аврупоӣ бозӣ мекунанд.

Рӯзи 12 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе машқи кушоди мунтахаби футболбозони Япония баргузор шуд.

Рӯзи 12-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе машқи кушоди мунтахаби футболбозони Ҷопон доир шуд, ки онро беш аз 200 нафар мухлисон тамошо карданд.

Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон рӯзи сешанбе, 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:15 оғоз мешавад.

Чиптаҳо барои ҳамаи нишастгоҳҳо (ғарбӣ, шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 20 сомонӣ арзиш доранд. Ба ин бозӣ то ин дам 12 ҳазор чипта фурӯхта шудааст. Чиптаҳоро метавон аз хазинаҳо (кассаҳо)-и Варзишгоҳи марказии Душанбе аз соати 8:00 то 22:00 дастрас кард. Телефон барои маълумот: 501-501-411.

Дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" имрӯз нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир гардида, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ва Ҷопон Хадзиму Мориясу ба суолҳои рӯзноманигорон посух мегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.