Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 11-13 октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, гуштигири тоҷик Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 74 кило қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дар қувваозмоии финалӣ ӯ самбочии Русия Егор Сухопаровро мағлуб кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин чемпионат 370 варзишгар аз 28 кишвар: Арманистон, Белорус, Булғористон, Венесуэла, Гурҷистон, Индонезия, Испания, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 наврас ва 7 ҷавон – бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар ин мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 6 нишон – 1 медали тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд.

Миёни ҷавонон ҳамчунин Аминҷон Холов дар вазни то 48 кг ва Сомон Сангов то 52 кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд. Медалҳои биринҷиро варзишгарони тоҷик миёни наврасон ба даст оварданд: Бузургмеҳр Исоев дар вазни то 60 кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни то 70 кг ва Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни то 87 кг.

“Иштирок дар чемпионате, ки дар он самбочиёни пурқуввати ҷаҳон ширкат меварзанд, хушбахтии бузург аст, - овардааст гуфтаҳои қаҳрамони ҷавонро аз Тоҷикистон сомонаи расмии мусобиқа. - Шарафи кишвари худро ҳимоя карда, умедворам, ки минбаъд дар мусобиқаҳо байни калонсолон низ ба чунин нишондиҳандаҳо ноил шавам”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.