Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон (U-21) имрӯз дар Марокаш оғоз шуда, то 20-уми октябр давом меёбад.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 6 варзишгари ҷавони тоҷик низ ширкат доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 3 вазн миёни мардон гуштин мегиранд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (-73кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (-90кг).

Чемпионат аз рӯйи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон), ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта сурат мепазирад.

Ғолибон дар баробари медалу диплом бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 2500 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 1500 доллар ва ҷойҳои сеюм – 850-долларӣ мукофот дар назар аст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар ин мусобиқа 517 варзишгар (294 мард, 223 зан) аз 81 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.