Гуштигири тоҷик, чемпиони нави ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дар садри рейтинги ҷаҳонии дзюдо дар вазни то 43 кило қарор гирифт.

Пас аз ғалаба дар чемпионати ҷаҳон ӯ аз зинаи 58-ум якбора ба зинаи аввал баромад. Шумори имтиёзҳои бадастовардаи Сомон Маҳмадбеков ба 559 расида, 8 имтиёз аз зинаи дуюми варзишгари Молдова Виктор Стерпу зиёд аст.


Ба қатори 100-гонаи Федеhатсияи байнулмилалии дзюдо (IJF) байни ҷавонон ҳамчунин 10 варзишгари дигари Тоҷикистон шомиланд.

Ҷаҳонгир Маҷидов (вазни то 81 кг, бо 280 имтиёз дар зинаи 8-ум), Меҳрзод Сӯфиев (60 кг, 151 имтиёз, зинаи 25-ум), Шарифҷон Назриев (то 100 кг, 160 имтиёз, зинаи 26-ум), Муҳаммадризо Қувватов (то 60 кг, 146 имтиёз, зинаи 27-ум), Шодмон Ризоев (то 66 кг, 120 имтиёз, зинаи 35-ум) дар 50-гонаи ҷаҳонӣ ҷойгиранд.

Дар поинтар аз ин зинаҳо Сайфулло Неъматзода (то 100 кг, зинаи 63-ум, 40 имтиёз), Раҷабалӣ Муҳаммадиев (то 90 кг, зинаи 64-ум, 60 имтиёз), Амирҷони Насимҷон (то 100 кг, зинаи 75-ум, 28 имтиёз) ва Эмомризо Анварзода (то 100 кг, зинаи 91-ум, 16 имтиёз) қарор доранд.

Сомон Маҳмадбеков рейтинги худро байни калонсолон низ 12 мавқеъ беҳтар карда, бо 2488 имтиёз дар мақоми 19-ум ҷойгир шуд. Дар ин категория гуштигири дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода бо 2549 имтиёз зинаи 18-умро ишғол мекунад.

Дар раддабандии инфиродии олимпӣ низ Сомон Маҳмабеков мавқеи худро беҳтар карда, бо 2600 имтиёз дар зинаи 14-ум ҷойгир аст ва як зина аз Беҳрӯзи Хоҷазода (мақоми 15-ум) болотар аст.

Комроншоҳи Устопириён дар рейтинг байни калонсолон дар вазни то 90 кг дар зинаи 18-ум, рейтинги инфиродии олимпӣ – мақоми 30-юм; Акмал Муродов дар вазни то 81 кг байни калонсолон – зинаи 61-ум, рейтинги инфиродии олимпӣ – мақоми 49-ум; Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг байни калонсолон – зинаи 56-ум, рейтинги инфиродии олимпӣ – мақоми 61-ум; Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг байни калонсолон – зинаи 29-ум, рейтинги инфиродии олимпӣ – мақоми 23-юм; Шакармамад Мираҳмадов дар вазни беш аз 100 кг байни калонсолон – зинаи 50-ум, рейтинги инфиродии олимпӣ – мақоми 47-ум ҷойгир шудаанд.

Моҳи июни соли оянда Федератсияи байнулмилалии дзюдо рейтинги ниҳоиро нашр мекунад ва 22 нафар дзюдочиёни беҳтарин дар ҳар кадоме аз вазнҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

То охири мавсими имсола дзюдочиёни тоҷик дар се мусобиқаи байнулмилалии силсилаи Grand Slam дар Абӯ-Дабӣ (24-26 октябр), Осака (22-24 ноябр) ва “Qingdao Masters” (12-14 ноябр, Чин) иштирок ва мавқеъҳои худро дар рейтингҳои инфиродии ҷаҳонӣ ва олимпӣ беҳтар карда метавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.