Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври шашуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳисобро дар дақиқаи 17-уми бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев кушода, ба футболбозони қирғиз танҳо 7 дақиқа пеш аз анҷоми вохӯрӣ муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунанд.

Ҳамин тариқ, баъд аз шаш давр дар гурӯҳи «F» дастаи Ҷопон бо касби ҳамаи холҳои имконпазир – 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Тимҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 7-имтиёзӣ зинаҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд. Дастаи Мянма бо 6 хол зинаи чорумро ишғол карда, Муғулистон бо 3 имтиёз дар зинаи охир қарор дорад.

Бозии навбатии тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 рӯзи 26 марти соли оянда дар Душанбе бо дастаи Муғлистон баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.