Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти унвонҳои беҳтарини варзишӣ як қатор озмунҳои ҷумҳуриявиро доир мекунад.

Мақсади баргузории озмунҳо дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттиллои бахши матбуотии кумита, имсол озмунҳо дар самти варзиш аз рӯи номинатсияҳои “Варзишгари беҳтарини сол – 2019” (беҳтарин варзишгар байни ҷавонон ва калонсолон аз рӯи намудҳои олимпӣ, байни калонсолон аз рӯи намуди ғайриолимпӣ ва байни бонувон), “Беҳтарин дастаи варзишии сол – 2019”, “Мураббии беҳтарини сол – 2019” гузаронида шуданд.

Ҳамчунин дар бахши “Мактаби варзишии беҳтарини сол – 2019”,  “Беҳтарин Федератсияи миллии варзишии сол – 2019”(аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ), “Довари варзишии беҳтарини сол – 2019”, “Беҳтарин иншооти варзишии сол – 2019”, “Шаҳри (ноҳия) беҳтарини варзишии сол – 2019”, “Беҳтарин ВАО дар соҳаи варзиш – 2019”, “Беҳтарини шореҳи варзишии сол – 2019” низ ҷоизадорон эълон мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.