Рӯзи 22 ноябр дар шаҳри Осакаи Давлати Ҷопон мусобиқаи Гранд Слам оид ба дзюдо оғоз мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат меварзанд.

Дар мусобиқа, ки то 24-уми ноябр идома меёбад, 486 варзишгар (280 мард ва 206 зан) аз 87 давлат аз рӯйи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сабқат мекунанд.

Аз Тоҷикистон 3 варзишгар дар ду вазн – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) ба Ҷопон сафарбар шуданд. Дар асоси қуръакашии мусобиқа, ки чанде пеш доир гашт, Сомон ва Беҳрӯз мусобиқаро аз даври дуюм шурӯъ мекунанд. Акмал дар даври аввал бо паҳлавони Исланд Свейбйорн Лура гуштин мегирад.

Қувваозмоиҳо бо иштироки паҳлавонони мо рӯзи 23-юми ноябр баргузор мешавад. Дар рӯзи аввал сабқатҳои ду вазн миёни мардон: -60кг, -66кг, се вазн миёни бонувон: -48кг, -52кг, -57кг ҷараён мегиранд. Рӯзи дуюм мардҳои вазнашон -73кг, -81кг, бонувони вазнашон -63кг, -70кг рӯйи татамӣ мебароянд. Дар рӯзи охир қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон дар назар аст.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 150 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои ҷойи якум 5000 доллар, мақоми дуюм 3000 доллар ва ду ҷойи сеюм 1500-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.