Мунтахаби футболи занонаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ва Ҳисор ҷараён дорад, пирӯзии аввал ба даст овард.

Торнамои расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар бозии даври сеюми мусобиқа шогирдони Тоҷиддин Наботов рӯзи 25-уми ноябр тими Афғонистонро бо ҳисоби калони 5 бар 1 мағлуб карданд.

Бозиҳои дигари даври сеюми мусобиқа тариқи зайл анҷом пазируфтанд: Эрон-Қирғизистон – 6:0 ва Ӯзбекистон-Туркманистон – 7:0.

Ҳамин тариқ баъд аз даври сеюм тимҳои Ӯзбекистон ва Эрон бо касби 9-имтиёзӣ дар зинаҳои аввали ҷадвал буда, мунтахаби Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бар дастаи Афғонистон бо 4 хол дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Бозиҳои даври чаҳорум имрӯз, 26-уми ноябр баргузор мешаванд. Соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон, инчунин дар ҳамин вақт дар Варзишгоҳи маказии Душанбе вохӯрии тимҳои Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд. Соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон вомехӯранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни тимҳои олимпии занонаи синни зери 23-сола як давр бо вохӯриҳои дастаҳо байни ҳамдигар доир мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумори бештари имтиёзҳои гирифта муайян хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.