Дар бозии аввали мусобиқаи байнулмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» дар Чжухай мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-22) аз дастаи мизбон Чин шикаст хӯрд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи Чин анҷом пазируфта, тӯби ягонаро аз Тоҷикистон ҳамлагари тими “Истиқлол”, нишонзани беҳтарини чепионати Тоҷикистон  Шериддин Бобоев ба ҳадаф расонидааст.

Сурат: ФФТ

Гуфта мешавад, дар бозии дигари рӯзи аввали бозиҳо мунтахаби Сурия дастаи Малиро ба ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кардааст.

Бозиҳои даври дуюм рӯзи чоршанбе, 11-уми декабр баргузор мешаванд. Дар ин рӯз мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо тими Мали бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Чжухай Спорт Центр» доир гардида, соати 12:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.