Ба чемпиони Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 зарур аст, ки дар марҳилаи пешакӣ тими “Локомотив”-и Тошканд ва дар марҳилаи плей-офф дастаи “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудиро мағлуб созад.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи пешакии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 “Истиқлол” бо дорандаи медалҳои нуқраи Лигаи олии футболи Ӯзбекистон – тими “Локомотив”-и Тошканд бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 21-уми январ дар Тошканд баргузор мешавад.

Дар сурати пирӯзӣ дар ин вохӯрӣ, дар марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқа рӯзи 28-уми январ “Истиқлол” дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Аҳли” аз Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Дар сурати роҳ ёфтани “Истиқлол” ба даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020, дорандаи медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон – тими “Регар-ТадАЗ” дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 иштирок мекунад.

Агар “Истиқлол” ба даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 роҳхат дарёфт кунад, дар гурӯҳи “А” бо тимҳои “Ал-Ваҳда” (АМА), “Ал-Шорта” (Ироқ) ва ғолиби ҷуфти 3-юми плей-офф бозӣ мекунад.

Лигаи чемпионҳои КФО-2020

Даври дуюми пешакӣ

21 январ (сешанбе)

«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Плей-офф

28 январ (сешанбе)

«Ал-Аҳли» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти «Локомотив» (Ӯзбекистон) / «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.