Бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷоми 17-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт (World Cup of Boxing Oil Countries) рӯзҳои 11-14 декабр дар шаҳри Белоярски Русия баргузор шуд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг пас аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Руссия Малика Шоҳидова ва Ирина Сафарова дар финал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Даря Абрамова мағлуб шуда, ҷойи дуюмро ба даст овард.

“Шоира Зулқайнарова дар чорякфинали вазни 60 кг бар Анастасия Горожантсева (Русия) ғалаба карда, дар нимфинал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Наталия Шадрина шикаст хӯрд ва ҷойи сеюмро ишғол кард”, - омадааст дар хабари Кумита.

Се намояндаи дигари Тоҷикистон – Идимоҳ Холова (69 кг), Бахтовар Сагизов (57 кг) ва Баҳодур Усмонов (63 кг) аз медалҳо бенасиб монданд. Идимоҳ ва Бахтовар дар даври аввал, Баҳодур пас аз пирӯзӣ бар варзишгари кишвари мизбон Азнаур Калсинов дар даври аввал, дар даври дуюм аз намояндаи кишвари Марокаш Нодир Абдулҳақ мағлуб шуданд.

Дар мусобиқа, ки аз рӯйи 8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни бонувон ҷараён гирифт, 127 варзишгар (87 мард ва 40 зан) аз 23 кишвар иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.