Дар аввалин мусобиқаи Гранд Слами Осиё оид ба бокс варзишгари тоҷик сазовори ҷойҳои дуюм шуданд.

Тибқи итттилои Кумитаи миллии олимпӣ, аз ҳайати Тоҷикистон Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81 кг миёни мардҳо ва Фарида Самиева дар вазни 51 кг миёни бонувон сазовори медали нуқра гардиданд.

Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 18-22 декабр дар шаҳри Сиамени Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шудааст. Дар он варзишгарон аз 11 кишвар – Австралия, Ҳиндустон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Филипин, Сингапур, Тайланд, Тоҷикистон, Тайпейи Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат варзиданд. Қувваозмоиҳо аз рӯйи 13 вазни олимпӣ – 8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни бонувон сурат пазируфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.