Дар мусобиқаи байнулмилалии “European Open Cup” (“Ҷоми кушоди Аврупо”) аз рӯйи намуди Ушу 10 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок карда, соҳиби 39 медал шуданд.

“Ҷоми кушоди Аврупо” аз рӯйи намуди Ушу моҳи равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд. Дар ин қувваозмоӣ 59 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, Олмон, Белгия, Латвия, Литва, Эстония, Италия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар маҷмӯъ варзишгарони тоҷик соҳиби 4 ҷом, 16 медали тилло, 10 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ шуданд, ки ин яке аз дастовардҳои беҳтарин арзёбӣ мешавад.
1/9

“Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд варзишгарон Манзура Каримова, Муҳаммадхоҷа Аҳмадов, Аббос Ҷӯраев, Хадича Ҷалолова, Бишарифа Саидолимова, Рухшона Аҳурова, Нигина Ҷалолова, Фирӯза Баҳодурова ва Нозанин Хуршедзода тавонистанд маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ баланд бардоранд”, - гуфт Мирзодалерхон Хуршедзода, сармураббии дастаи яккачини Ушу дар Тоҷикистон.

 

Ҳамчунин моҳи июни соли ҷорӣ 8 варзишгари вилояти Суғд дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи намуди Ушу, ки дар Чин доир гардид, ширкат варзида, 11 медал, аз ҷумла, 1 тилло, 1 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. ​​​​​​​

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.