Дастаи чемпиони Лигаи олии футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бозии хотимавии омодагӣ ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020-ро бо тими “Локомотив”-и Тошканд дар шаҳри Гулистон баргузор мекунад.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, имрӯз, 6-уми январ футболбозони дастаи “Истиқлол” ба Гулистон мераванд. Зимни машқҳои омодагии дуҳафтаина дар вилояти Суғд футболбозон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон иқомат хоҳанд кард.

Дар ин марҳилаи тамринҳо тими “Истиқлол” бо ду дастаи Суперлигаи Ӯзбекистон – “Қӯқанд-1912” (9-уми январ) ва чемпиони Ӯзбекистон – “Пахтакор”-и Тошканд” (13-уми январ) бозиҳои санҷишӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Ӯзбекистон – “Локомотив”-и Тошканд 21-уми январ дар Тошканд доир мегардад. Ин даври марҳилаи интихобӣ аз як бозӣ иборат аст.

Барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 ба тими “Истиқлол” зарур аст, ки дастаи “Локомотив”-ро мағлуб сохта, дар давраи плей-офф бар дастаи “Ал-Аҳлӣ” аз Арабистони Саудӣ дастболо шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.