Дар доираи омодагӣ ба бозии марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими Суперлигаи Ӯзбекистон “Қӯқанд-1912” бозии санҷишӣ барпо кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Дӯстлик” дар шаҳри Тошканд доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими “Қӯқанд-1912” анҷом пазируфт.

Гуфта мешавад, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 13-уми январ “Истиқлол” дар Тошканд бо чемпиони Ӯзбекистон – дастаи “Пахтакор” боз як бозии санҷишӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Ӯзбекистон – “Локомотив”-и Тошканд 21-уми январ дар Тошканд доир мегардад. Ин даври марҳилаи интихобӣ аз як бозӣ иборат аст.

Барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 ба тими “Истиқлол” зарур аст, ки дастаи “Локомотив”-ро мағлуб сохта, дар даври плей-офф бар дастаи “Ал-Аҳлӣ” аз Арабистони Саудӣ дастболо шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.