Футболбози дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шаҳром Самиеви 18-сола ба дастаи Лигаи олии футбол (Премйер-лига)-и Русия “Рубин”-и шаҳри Қазон мегузарад.

Тавре хабаргузории Inkazan.ru иттилоъ медиҳад, ояндаи наздик имзои қарордод бо ӯ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки қаблан футболбозони тоҷик Искандар ва Алишер Ҷалиловҳо, Парвиз Умарбоев ва Нозим Бобоҷонов низ дар тими “Рубин” ҳунарнамоӣ карда буданд.

Шаҳром Самиев ба дастаи “Рубин” ҳамчун дорои ҳуқуқи агенти озод гузашта, айни замон дар ҳайати дуюми даста марҳилаи санҷиширо мегузарад.

Дар мавсими гузаштаи чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар ҳайати тими "Истиқлол" 18 бозӣ гузаронида, 4 тӯб зад. Дар ҳайати тими мунтахаб ӯ дар 6 бозӣ иштирок карда, дар вохӯрӣ бо дастаҳои Афғонистон ва Ҳиндустон 2 тӯбро ба нишон расонид.

То ин дам Шаҳром Самиев ҳамчунин дар ҳайати дастаҳои “Барқчӣ” ва “КМВА-Помир” бозӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.