Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс миёни наврасон муштзанҳои тоҷик соҳиби 3 медал шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур аз 6 то 10-уми январ дар пойтахти Ӯзбекистон ҷараён гирифта, варзишгарони тоҷик сазовори 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.

Дар ин қувваозмоӣ наздики 200 варзишгари соли таваллудашон 2004-2005 аз чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия аз рӯйи 15 категорияи вазнӣ байни ҳам рақобат карданд.

Аз шумори варзишгарони тоҷикистонӣ Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг сазовори медалҳои нуқра шуда, Нурланбек Ёрматов дар вазни 63кг медали биринҷиро ба гардан овехт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.