Қаҳрамони мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими “Локомотив”-и Тошкандро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карда, ба марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 роҳ ёфт. Бозӣ дар Тошканд доир гардид.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, тӯби ягонаро дар дақиқаи 60-уми вохӯрӣ Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

1/10

Гуфта мешавад, акнун барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқа “Истиқлол” бо тими “Ал-Аҳлӣ” аз Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 28-уми январ дар шаҳри Ҷидда баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.